Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ баъди се сол марзҳояшро ба рӯйи Қатар кушод


Дар акс: Шоҳзодаи Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, мушовири президенти Амрико Ҷаред Кушнер ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ас-Сонӣ
Дар акс: Шоҳзодаи Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, мушовири президенти Амрико Ҷаред Кушнер ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ас-Сонӣ

Арабистони Саудӣ аз рӯзи душанбе марзҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминии худро бо Қатар, ки аз соли 2017 ба ин сӯ баста буданд, дубора кушод. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Кувайт хабар дод, ки дар гуфтугӯҳои ду кишвар ҳамчун миёнарав иштирок мекард. Ҳамчунин гуфта мешавад, амири Қатар рӯзи 5-уми январ дар нишасти кишварҳои Халиҷи Форс дар Арабистони Саудӣ иштирок хоҳад кард.

Интизор меравад, дар ин нишаст миёни Қатар ва кишварҳои Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср созишнома дар бораи муътадил шудани муносибатҳои дуҷониба имзо карда шавад. Дар ин вохӯрӣ иштироки намояндагони баландпояи Амрико, аз ҷумла мушовири президент Ҷаред Кушнер дар назар аст.

Ибтидои моҳи июни соли 2017 Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Баҳрайн Қатарро ба пуштибонӣ аз терроризм ва ҳампаймонӣ бо Эрон айбдор ва ҳама гуна робитаҳои дипломатиро бо он қатъ карданд.

Чаҳоргона барои эҳёи робитаҳои дипломатӣ бо Қатар 13 шарт пешниҳод карданд, ки яке аз онҳо қатъи пахши барномаҳои телевизиони "Ал-Ҷазира" буд.

XS
SM
MD
LG