Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз мақомоти Ҷорҷия хост, 11 ҳазор раъйи зарурӣ барои пирӯзияшро "ёбанд"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбати ахири телефонияш аз мақомоти иёлати Ҷорҷия даъват кард, то дар бозбинии натиҷаҳои интихобот ва пайдо кардани овозҳое кумак кунанд, ки норасоии онҳо сабаби бохташ дар интихобот шудааст.

Навори суҳбати телефонии Трамп бо котиби давлатии Ҷорҷия Брэд Раффенспергер ва шахсони расмии дигари иёлат дастраси рӯзноманигорон шудааст.

"Ман танҳо мехоҳам, 11 780 овоз пайдо карда шавад. Зеро мо дар ин иёлат пирӯз шуда будем", - иқтибос овардааст хабаргузории "Интерфакс" аз суханони Трамп дар ҷараёни суҳбати телефонӣ.

Трамп борҳо гуфта буд, ки ба иллати "тақаллубкории сартосарӣ" дар Ҷорҷия ва як қатор иёлатҳои дигари ИМА бохтааст.

"Мардум дар Ҷорҷия ва тамоми кишвар норозӣ ҳастанд. Бинобар ин, ҳеч кори баде нахоҳад шуд, агар шумо гӯед, ки натиҷаи ҳисоби варақаҳои интихоботӣ чиро нишон дода буд", - афзудааст Трамп.

Президенти ИМА ҳамчунин аз мақомоти Ҷорҷия даъват кард, ки натиҷаҳои интихобот дар иёлат бозбинӣ ва ба ҷустуҷӯи овозҳои "гумшуда" онҳое ҷалб шаванд, ки ба ин қазия таваҷҷуҳ доранд.

Натиҷаҳои ғайрирасмӣ дар Ҷорҷия нишон дода буд, ки Ҷо Байден бо ихтилофи андак аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп пеш аст. Бар асоси қонуни иёлат, ҳудуди 5 миллион овозро дастӣ мешумурданд.

Ҷо Байден 7 ноябри имсол ва пас аз он ки марзи 270 раъйи ҳайати интихоботиро гузашт, барандаи интихоботи Амрико эълом шуд.

XS
SM
MD
LG