Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини нахуствазири Қирғизистон хостори таъсиси пойгоҳи маълумот дар бораи кӯдакозорон шуд


Элвира Сурабалдиева, муовини сарвазири Қирғизистон
Элвира Сурабалдиева, муовини сарвазири Қирғизистон

Муовини сарвазири Қирғизистон Элвира Сурабалдиева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод кард, ки дар кишвараш ба монанди Қазоқистон пойгоҳи маълумот дар бораи кӯдакозорон ё педофилҳо таъсис дода шавад.

"Ба мо низ чунин харита лозим аст. Замоне фаро расидааст, ки таваҷҷуҳи ҳамаи волидонро ба ин масъала бояд ҷалб кунем. Ҳамаи мо шоҳид будем, ки чи гуна ҳамдеҳаҳо худи духтари 13-солаи таҷовузшуда ва волидонашро айбдор карданд", - изҳор дошт Сурабалдиева.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Қирғизистон, кӯдаконро бояд аз синни мактабӣ огаҳ кард, ки бо бегонаҳо суҳбат накунанд, бо онҳо ҷое нараванд ва мошинашон савор нашаванд. "Дастрасии наврасон ба маводи порнографӣ дар Интернет маҳдуд бошад. Кай шумо бори охир телефон ё компютери фарзандонатонро санҷидаед?", - гуфт ӯ.

​Бар пояи иттилои Барномаҳои рушди СММ, дар Қирғизистон давоми 9 моҳи соли 2019 бо банди "Таҷовуз" 269 парванда боз гашта, танҳо 17 парванда дар додгоҳ баррасӣ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG