Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни Brexit. Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо расман ҷудо шуд


Тарафдорони ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупо дар Лондон. Акс аз бойгонӣ
Тарафдорони ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупо дар Лондон. Акс аз бойгонӣ

Бритониё пас аз 48 соли узвият дар Иттиҳоди Аврупо ба таври расмӣ аз ин иттиҳод хориҷ шуд. Берун шудани Бритониё, ки бо номи Брекзит маъруф аст, пас аз севуним соли баҳсу баррасиҳо сурат гирифт.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо "бузургтарин рӯйдоди иқтисодӣ" барои Лондон пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аст.

Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё ва аз тарафдорони ҷудошавии кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо дар як паёми видеоӣ гуфт, "ин лаҳзаи шигифтангез аст." Ҷонсон ҳамчунин афзуд, "озодии худро дар даст дорем ва аз худамон вобаста аст, ки онро пурра истифода барем."

Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ҳафтаи гузашта бар сари як созишномаи тиҷорати озод ба мувофиқа расиданд. Ин созишнома меъёри танзими тиҷорат ба маблағи 894 миллиард доллар байни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо дар оянда аст ва гуфта мешавад садҳо ҳазор ҷойи корӣ аз он вобаста хоҳад буд.

Ин созишнома ба баҳсҳои дароз бар сари ҳуқуқи моҳигирӣ ва қоидаҳои ояндаи роҳандозии тиҷорат миёни Лондон ва Брюссел нуқта гузошт. Ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо Урсули фон дер Ляйен, созишнома дастрасии одилона ба бозори умумӣ ва шароити баробарро барои моҳигирӣ таъмин мекунад.

Ҳукумати Бритониё дар як иттилоия гуфт, ҳамаи ваъдаҳое, ки дар раъйпурсии соли 2016 ба мардум дода шуда буд, иҷро гаштанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, ки аҳволи Бритониё баъди берун шудан аз Иттиҳоди Аврупо бад мешавад.

Созишномаи тиҷоратӣ миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо 1-уми январи соли 2021 ба иҷро медарояд. Агар ҷонибҳо ба он даст намеёфтанд, маҷбур буданд, бар асоси қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорӣ қарордод банданд, ки хисорот дар бахши савдо ва афзоиши бекориро дар пай дошт.

Бритониё аз даҳаи 70-уми асри гузашта ба муддати қариб 48 сол узви Иттиҳоди Аврупо буд. Равобити ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо пас аз хатми Ҷанги Дувуми Ҷаҳон тақвият ёфт. Вале дар ду даҳаи ахир баъзе аз сиёсатмадорони бритониёӣ ба хусус дар Ҳизби муҳофизакор ба нақши ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо мухолиф буданд.

Ин буд, ки соли 2016 дар Бритониё ҳамапурсӣ барои ҷудо шудан ё мондан дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Дар раъйдиҳӣ 52 дарсад мардуми Бритониё ба ҷудо шудани кишвар аз Иттиҳоди Аврупо раъй доданд ва 48 дарсад мухолифи ин тасмим буданд.

Аммо ҷараёни ҷудошавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо 3,5 сол тӯл кашид, чун ҷонибҳо бар сари масъалаҳои тиҷоратӣ натавонистанд саривақт ба тавофуқ расанд. Соли 2019 Тереза Мей, он вақт нахуствазири Бритониё, ба хотири он ки натавонист кишварашро аз Иттиҳоди Аврупо берун кунад, аз мақомаш истеъфо дода буд.

XS
SM
MD
LG