Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи тиҷорӣ имзо карданд


Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба имзои қарордоди тиҷорӣ баъди бурунрафти он кишвар аз ин иттиҳодия, ба созиш расиданд. Ин созишнома ба баҳсҳои тӯлонӣ бар сари ҳуқуқи моҳигирӣ ва қоидаҳои ояндаи роҳандозии тиҷорат миёни Лондон ва Брюссел нуқта гузошт.

Дар иттилоияи ҳукумати Бритониё гуфта шудааст, ҳамаи ваъдаҳое, ки дар раъйпурсии соли 2016 ба мардум дода шуда буд, иҷро гаштанд.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо Урсули фон дер Ляйен, созишнома дастрасии одилона ба бозори умумӣ ва шароити баробарро барои моҳигирӣ таъмин мекунад.

Созишномаи тиҷорӣ миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо 1 январи соли 2021 ба иҷро медарояд. Агар ҷонибҳо ба он даст намеёфтанд, маҷбур буданд, бар асоси қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорӣ қарордод банданд, ки хисорот дар бахши савдо ва афзоиши бекориро дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG