Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мэй: Хуруҷи Бритониё аз ҳайати ИА интихоби мардум буд


Тереза Мэй
Тереза Мэй

Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё, пенниҳоди баъзе аз сиёсатмадорони аврупоиро дар мавриди даст кашидани кишвараш аз Brexit (маъракаи хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо) рад кард. Вай рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо нашрияи Bild-и Олмон гуфт, ки дар мавриди Брекзит раъйпурсии дигарбора баргузор нахоҳад шуд.

Тереза Мэй гуфт, қаблан порлумони Бритониё инони интихобро ба дасти мардум дод ва онҳо розӣ шуданд, ки Бритониё аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо берун биравад. Аммо Мэй гуфт, Бритониё дар масоили дифоъ, амният ва бахшҳои дигар ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо идома хоҳанд дод.

Раҳбари Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва раҳбари Кумисюни Аврупо Жан-Клод Юнкер қаблан аз Бритониё хоста буданд, ки аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо берун наравад.

Агар Лондон дар ин маврид назарашро тағйир надиҳад, маъракаи Брекзит ё хуруҷи Бритониё аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар соли 2019 сурат хоҳад гирифт. Туск рӯзи 16-уми январ гуфта буд, ки “ин амал метавонад боис ба паёмадҳои манфӣ шавад”.

XS
SM
MD
LG