Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик гуфт, ки аввал киҳо ваксина ба зидди СOVID-19 мегиранд


Ҷамолиддин Абдуллозода
Ҷамолиддин Абдуллозода

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои кумак дар ваксинзании аҳолӣ ба зидди бемории СОVID-19 ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 31-уми декабр дар мусоҳибае бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки “Оид ба ин масъала дастурамал қабул карда шуд. Тибқи дастурамал, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда шаванд.”

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, ин табақаи аҳолӣ, ки бояд қабл аз дигарон ваксина бигиранд, 1 миллиону 800 ҳазор нафар ва ё 20 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд. Ба қавли вазир: “Ба ин гурўҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд.”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 7-уми декабр гузориш дар ин бораро ба Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия ирсол кардааст ва Тоҷикистон расман ба рўйхати кишварҳои дархосткунандаи ваксина бар зидди COVID-19 шомил шудааст. Вазир нагуфтааст, ки сокинони Тоҷикистон кадом ваксинаро хоҳанд гирифт, аз ширкатҳои ғарбӣ ва ё Русия? Ба қавли ӯ, Бонки Ҷаҳонӣ барои хариди ваксина 3 миллион доллар ихтисос додааст ва қарор аст, 5 миллион доллари дигар ҳам кумак кунад.

Коронавируси нав ба гуфтаи мақомот дар Тоҷикистон то кунун ба бештар аз 13 ҳазор нафар сироят карда ва 90 нафарро куштааст. Аммо на ҳама ба омори вазорати тандурустӣ бовар доранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб зиёд аст.

XS
SM
MD
LG