Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як намояндаи мунтахаби Конгресси ИМА аз КОВИД-19 даргузашт


Конгресси Амрико. Акс аз бойгонӣ.
Конгресси Амрико. Акс аз бойгонӣ.

Лук Летлов (Luke Letlow), намояндаи мунтахаби Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико, рӯзи сешанбе бар асари коронавирус даргузашт.

Летлови 41-сола дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ аз иёлати Луизиана ба Маҷлиси Намояндагони Амрико роҳ ёфта буд ва қарор буд рӯзи якшанбе кори худро оғоз кунад.

Ин намояндаи Конгрес ёздаҳ рӯз пеш эълом кард, ки ташхиси КОВИД-19-и ӯ мусбат эълом шудааст. Лук Летлов се рӯз баъд эълом кард, ки барои идомаи муолиҷа ба як маркази беҳдоштӣ ба иёлати Луизиана меравад.

Аммо ду рӯз пас аз бистарӣ шудан, эълом шуд, ки бинобар бад шудани ҳоли ин намояндаи мунтахаб, ӯ ба бемористони дигар интиқол дода мешавад. Ӯ дар ин бемористон дар бахши муроқибати вижа нигаҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG