Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон соли 2021 Соли дастгирии ҷавонон эълом шуд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабр дар паёми худ ба порлумон пешниҳод кард, ки соли 2021 дар кишвараш Соли дастгирии ҷавонон ва тақвияти саломатии шаҳрвандон эълом карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи ин сол ва дар асоси идеяи "Узбекистони нав аз долони мактабҳо ва бо низоми таълиму тарбия оғоз мешавад" ислоҳотҳои сартосарӣ гузаронида хоҳад шуд.

"Дар пеши худ ҳадафи бузург - ташаккули заминаи эҳёи навро дар кишвар гузоштаем. Бо ин мақсад бояд муҳитро сохт ва барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобури нав бояд шароитро фароҳам кард", - изҳор дошт Мирзиёев.

Мирзиёев ҳамчунин гуфт, ки кишвараш соли 2021 ҷашни истиқлоли худро дар асоси идеяи "Мо бояд дар Узбекистони нави озоду пешрафта зиндагӣ кунем" таҷлил хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG