Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ чаҳор навори таърихии ҷанги Русия ва Чеченистонро манъ кард


Грозний, 24-уми январи соли 1995

Додгоҳе дар Русия паҳну нашри чаҳор навори хабаргузории Associated Press-ро дар бораи низоъҳои мусаллаҳона дар Чеченистон манъ кард. Додситонӣ ин маводи хабарнигоронро "таблиғи бераҳмӣ" гуфтааст.

Ба феҳрасти наворҳои мамнуъ видеое ҳам шомил шудааст, ки дар он сарбозони асирафтодаи рус дар соли 1995 дида мешаванд. Дар навор фармондеҳи қисми 22-юми бахши махсуси ГРУ ё Хадамоти иктишофӣ, Игор Морозов, мегӯяд, муносибати ҷудоихоҳони чечен бо онҳо "хеле хуб аст". Ин навор дар Ютуб тақрибан ду миллион тамошобин дорад.

"Бигзор, вақте ҳама ба охир расид, ба назди мо мисли дӯст биёянд”, -- мегӯяд Абу Мовсаев, сардори Раёсати амнияти миллии давлати худхондаи Ичкерия. Баъдтар ӯ дар гаравгонгирӣ дар Буденновск иштирок карда, соли 2000 кушта шуд.

Дар навори дигар, муноқишаҳои моҳи январи соли 1995 дар Аргун, Грозний ва Шалу ва ҳамлаи нерӯҳои федералӣ ба пойтахти Чеченистон намоиш дода мешавад. Дар видеои дигар лаҳзаи даромадани артиши Русия ба Грозний тасвир ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар як навор, ки сабти соли 2000-ум аст, фармондеҳи пешини саҳроӣ Хизир Хачукаев, ки баъдтар аз сӯйи мақомоти Русия афв шуд, дида мешавад. Тамошои видео алакай дар ҳудуди Русия дастрас нест, аммо он дар Ютуб тақрибан як миллион тамошобин дорад.

Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, наворҳо касро "ба содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд" ва метавонанд "пайомадҳои нохуби иҷтимоӣ, иқтисодӣ дошта бошанд". Ҳамчунин, таъкид шудааст, наворҳо "ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҳаёти осоишта дар давлати ҳуқуқбунёд, ки сарқонун кафолат додааст, поймол мекунанд".

XS
SM
MD
LG