Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Андиҷон дар 10 дақиқа беш аз 80 бор Мирзиёевро "муҳтарам" номид


Шуҳрат Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷон.
Шуҳрат Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25-уми декабр дар Форуми ҷавонони ин кишвар, ки бори аввал баргузор шуд, иштирок кард. Ӯ дар онҷо инчунин ҳисоботи раҳбарони як қатор вилоятҳои Узбекистонро шунид.

Раиси вилояти Андиҷони Узбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов ба Мирзиёев дар бораи рафти корҳо бо ҷавонони вилоят, таъмини онҳо бо ҷои кор ва ҳалли мушкилиҳояшон гузориш дод. Абдураҳмонов дар ҷараёни суханронияш ибораи "муҳтарам президент"-ро хеле зиёд истифода кард.

Ба ҳисоби хабарнигори расонаи маҳаллии Gazeta.uz, ки дар чорабинӣ иштирок дошт, Абдураҳмонов дар 10 дақиқаву 21 сония 81 бор ё ба ҳисоби миёна дар ҳар 7,6 сония як бор ибораи "муҳтарам президент"-ро ба забон овардааст.

Дар Форуми ҷавонони Узбекистон ҳамчунин раиси вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар 12 дақиқаву 35 сония 22 бор ибораи "муҳтарам президент"-ро истифода намуд.

XS
SM
MD
LG