Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфбории шадид дар Эрон. Дастикам 10 кӯҳнавард ҷони худро аз даст додаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи барфбории шадид дар Эрон ҳадди ақал 10 кӯҳнавард ҷон бохтаанд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 26-уми декабр гузориш дод, ки иддае дигар аз кӯҳнавардон нопадид шуданд. Ба нақл аз ин расона, барфбории сангин ва тӯфонҳои шадид аз чанд рӯз дар минтақаи кӯҳистонии шимоли Теҳрон идома дошт ва боис ба бандшавии роҳҳо гардид. Расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, шояд омори талафот ба маротиб бештар бошад. Ин ҳодиса боис шудааст, ки мақомоти идораи обу ҳавосанҷӣ шаҳрвандонро барои бетаваҷҷуҳӣ ба ҳушдорҳо дар мавриди сафар ба кӯҳҳо танқид кунанд.

XS
SM
MD
LG