Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи рахнаи обанбори Сардобаи Узбекистон пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад


Обхезӣ бар асари канда шудани садди обанбори Сардоба
Обхезӣ бар асари канда шудани садди обанбори Сардоба

Додгоҳи олии Узбекистон баррасии парвандаи ҳашт нафареро оғоз кард, ки дар доираи парвандаи рахнаи садди обанбори Сардобаи ин кишвар дастгир шудаанд.

Мурофиаи нахустин 21 декабр дар бинои додгоҳи шаҳри Тошканд пушти дарҳои баста оғоз шуда, гумонбарон - Бахшулло Асадов,, сардори Идораи канали "Тупаланг"-и марбут ба корхонаи "Узгидрострой" ва ҳафт нафари дигар ба додгоҳ эҳзор шуданд.

Вакили дифои яке аз гумонбарон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, парвандаи мазкур расман муҳри махфӣ дорад ва ҳатто наздикони гумонбарон ба толори додгоҳ роҳ дода намешаванд.

Додситонии кулли Узбекистон пештар хабар дода буд, ки 8 нафарро дар доираи парвандаи рахнаи садди обанбори Сардоба дастгир кардааст.

Миёни боздоштшудаҳо шахсони масъул низ ҳастанд. Аз ҷумла фармоишгари сохтмон - корхонаи воҳиди давлатии "Сирдарё сув курилиш инвест", лоиҳакаш - "UzGip", - иҷрогарони фармоиш - ширкатҳои "Резаксой сув курилиш" ва "Тупаланг Шеробод", мақомоти вазорати об.

Садди обанбор рӯзи 1 майи соли ҷорӣ канда шуд ва боиси марги шаш тан гардид. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шуд. Дар хулосаи тафтишот гуфта шудааст, ки иштибоҳу норасоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва истифодаи обанбор боиси рахна шудани сад гардидааст.

Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

XS
SM
MD
LG