Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба тарҳи буҷаи низомии ИМА дар соли 2021 вето гузошт


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Доналд Трамп ба лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи низомии соли оянда, ки 740 миллиард долларро дар бармегирад, вето гузошт.

Трамп гуфт, барои он вето гузошт, ки лоиҳа барои амнияти миллии ИМА чораҳои мушахассеро пешбинӣ намекунад ва ҳамчунин хилофи талошҳои маъмурияти ӯ барои додани авлавият ба Амрико дар масъалаҳои дохиливу хориҷӣ аст. "Ин туҳфа ба Чину Русия аст",-навишт ӯ дар "Твиттер".

Ба гуфтаи Трамп, ҳамчунин санад муқарраротеро дар барнамегирад, ки "собиқадорон ва таърихи низомии Амрикоро эҳтиром гузорад".

Ӯ аз ҷумла талаб дорад, ки дар санад муқаррароти манъи банди 230-ум дар бораи риояи қоидаҳои муошират ҷой дода шавад. Ин банд ширкатҳои технологӣ бо шумули Alphabet, Twitter ва Facebook-ро барои муҳтавои навиштаи корбарон масъул намедонад.

Трамп ва ҳаводоронаш иддао доранд, ки ширкатҳои технологӣ нисбат ба ҷонибдорони идеяҳои муҳофизакорона ғараз доранд", қайд мекунад "Садои Амрико".

Дар ИМА буҷаи низомӣ аз соли 1960 ҳамасола қабул мешавад ва раҳбарони ин кишвар ягон бор ба он вето нагузошта буданд.

XS
SM
MD
LG