Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлаталӣ Саид аз сарфакории об гуфт


Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он дар ҷамоати Ҳайдар Усмони Бобоҷон Ғафуров муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ширкат дошта, аз мавзӯи норасоии об дар кишвар сӯҳбат кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, “таърих чунин камбудии об дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ёд надорад”. Муовини сарвазир ёдрас намуд, ба хотири он ки зимистони имсол мушкилоти дастрасӣ ба нерӯи барқ пеш наояд, бояд он сарфакорона истифода шавад.

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии нав дар шимоли Тоҷикистон чанд ҳафта баъди он сурат мегирад, ки баъди се сол таъмини бемаҳдуди барқ ба аҳолӣ, ҳукумат дубора барои аҳолӣ лимит ё маҳдудияти барқ ҷорӣ кард. Соатҳои тӯлонӣ бебарқ мондани хонаводаҳо дар оғози зимистони сард мавриди интиқоди шадиди аҳолӣ аз ҳукумат шуд.

XS
SM
MD
LG