Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Русия барои коҳиши арзиши интиқоли меваву сабзаҷот аз Тоҷикистон


Бозоре дар Тоҷикистон
Бозоре дар Тоҷикистон
Русия аз соли оянда барои интиқоли сабзавот ва меваҷот аз Тоҷикистон тариқи Роҳи Оҳан нархро паст мекунад. Ширкати Роҳи оҳани Русия эълон кард, ки тахфифи 50 фоийза аз 1-уми январи соли 2021 ҷорӣ шуда, то 31-уми декбар идома хоҳад кард. Тибқи омори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз кишвар беш аз 120 ҳазор тонна меваву сабзавот, ба монанди ангуру пиёз ва хушкмева ба маблағи зиёда аз 17 миллион доллар ба хориҷа содирот шудааст. Ин нишондиҳанда нисбати як соли пеш 5,5 миллион доллар бештар будааст. Маҳсулоти Тоҷикистон асосан дар бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ба фурӯш гузошта мешаванд. Эълони тахфиф барои меваву сабзавоти Тоҷикистон аз ҷониби Роҳи Оҳани Русия дар ҳолест, ки роҳ барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи қатор ва ё поезд ба Русия то ҳанӯз баста боқӣ мемонад. Моҳи гузашта Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфта буд, ки омода аст муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ватан интиқол диҳад, вале кишварҳои ҳамсоя ин иқдомро дастгирӣ намекунанд. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, сафар тариқи Роҳи Оҳан барояшон ба маротиб арзонантар аз парвозҳои чартерии “Сомон-эйр” аст, ки нархи билеташ расман 395 евро ва ё 38 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG