Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ишора кард, ки бастаи нави кӯмакҳои пулиро имзо намекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп то 20 январи соли 2021 дар ин симат кор мекунад
Президенти ИМА Доналд Трамп то 20 январи соли 2021 дар ин симат кор мекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп бастаи нави кӯмакҳои пулиро, ки тоза мувофиқаи Конгрессро дарёфт кардааст, “як шармандагӣ” номид ва аломат дод, ки онро имзо намекунад. Дар як навори видеоие, ки рӯзи 22-юми декабр дар Твиттер нашр шуд, ӯ ба таври қотеъ нагуфт, ки тарҳи қонунро вето мекунад, вале шикоят кард, ки дар ин баста хароҷоти беҳудаи зиёд ворид шудааст ва он барои амрикоиҳо кофӣ нест. Дар тарҳи нави кӯмакҳо, аз ҷумла, 600 доллар пардохти якдафъаина барои аксар амрикоиҳо ворид шудааст, вале Трамп гуфт, ки Конгресс бояд “маблағи фавқулодда ками 600 долларро бояд то 2 ҳазор доллар барои як нафар ваё 4 ҳазор доллар барои ҷуфти ҳамсарон” афзоиш диҳад. Ӯ инчунин гуфт, ки аз Конгресс дархост мекунад, ки “аз хароҷоти беҳуда халос шуда... барои имзои ман як тарҳи муносибро фиристед”. Дар як интиқоди Трамп гуфта мешавад, ки тарҳи қонун бо ин ки ваъда медиҳад, ки барои муқобила бо COVID-19 равона шудааст, “пул барои осорхона, кӯмак ба кишварҳои мухталиф, кӯмак ба соҳаи моҳидорӣ”-ро дораду “бо COVID ҳеҷ умумияте надорад”.

Бастаи кӯмакҳо аз 900 миллиард доллар кӯмаки иқтисодӣ барои шахсиятҳои ҷудогона ва тиҷоратҳо иборат мебошад ва барои қабули он давоми моҳҳои тӯлонӣ баҳси миёни демократҳоиву ҷумҳурихоҳҳо ва Кохи Сафед идома дошт.

XS
SM
MD
LG