Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти панҷ зани ҳомила дар таваллудхонаҳои вилояти Тошканд


Яке аз бемористонҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бемористонҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар бемористонҳои иттиҳодияи тиббии ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканди Узбекистон соли равон панҷ зани ҳомила фавтидааст.

Яке аз онҳо Шоҳсанам Хусанбоева аст, ки 2 ноябри соли равон ҳангоми ҷарроҳӣ дар таваллудхонаи ноҳияи Янгиюли Тошканд ҷон додааст.

Шоҳсанам Хусанбоева, сокини 32-солаи ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошкандро 1 ноябри имсол ба таваллудхонаи ноҳиявӣ бурданд, вале табибон ӯро қабул накарданд ва наздиконаш маҷбур шуданд, вайро ба бемористони Янгиюл баранд. Таваллудхонаи Қуйичирчиқ карантин буд.

Ба гуфтаи наздикони Хусанбоева, ӯ дар натиҷаи хунукназарии табибони таваллудхона ҷон бохтааст. "Табиби навбатдор ба утоқи гарм даромада хоб рафт. Соати 8 субҳ табибони дигар омаданд. Онҳо Шоҳсанамро ба шуъбаи эҳёгарӣ бурданд. 5-6 табиб ҷамъ шуда, ҷарроҳиро оғоз карданд. Вале баъди 10 дақиқа ба мо хабар доданд, ки Шоҳсанам фавтид", - мегӯяд яке аз наздикони зан.

Як корманди таваллудхонаи Янгиюл тасдиқ кард, ки он шаб табиби навбатдор ҳангоми ташхиси Хусанбоева ба хатогӣ роҳ дода буд. " Табиби навбатдор вазъи Хусанбоеваро пурра дарк накарда, ба ӯ доруи оромбахш мегузаронад. Дар натиҷа фишори хуни Хусанбоева поин меравад. Дар бораи Хусанбоева ба табиби масъул субҳи 2 ноябр хабар медиҳанд, ки аллакай дер шуда буд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаи мо, табиби навбатдор, ки ҳамагӣ панҷ моҳ пеш корро оғоз карда буд, "ба иштибоҳи худ иқрор кардааст".

Дар иттиҳодияи тиббии Янгиюл гуфтанд, Хусанбоева панҷумин зани ҳомилаест, ки соли равон дар бемористонҳои минтақа мефавтад.

"Додситонӣ ду ҳолатро тафтиш карда, дастандаркоронро муҷозот кард. Агар қазияи Шоҳсанам ҳам тафтиш шуда, парванда ба додгоҳ фиристода шавад, умедворем, ки адолат тантана хоҳад кард", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо дар иттиҳодияи тиббии Янгиюл.

XS
SM
MD
LG