Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таҳримҳои аврупоӣ  посух дод


Сафорати Олмон дар Маскав
Сафорати Олмон дар Маскав

Русия гуфт, ки феҳристи мақомдорони Иттиҳоди Аврупоро, ки аз ҳақи вуруд ба ин кишвар маҳруманд, тавсеа дод. Маскав гуфт, ки ин иқдом дар посух ба қарори ба қавлаш «ғайри қобили қабул»-и манъи сафари мақомдорони рус ба Аврупо дар паи заҳролудшавии Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия гирифта шуд. Вазорати хориҷа дар Маскав дар изҳороте гуфт, ки дар миёни таҳримшудаҳо аз 22-юми декабр он мақомоте мебошанд, ки «барои ташвиқи таҳрим ва ташаббусҳои зиддирусӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо» нақш доранд. Исми ҳеҷ як мақом бурда нашудааст, вале дар миёни таҳримшудаҳо раҳбарони намояндагиҳои дипломатии Олмон, Фаронса, Шведсия ва ИА дар Маскав зикр шудаанд.

Навалний баъди заҳролуд шуданаш дар Русия барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Озмоишгоҳҳои калон дар Олмон, Фаронса ва Шведсия баъди таҳқиқ гуфтанд, ки ин мунаққиди Кремлин бо заҳри низомии сохташуда дар даврони шӯравӣ заҳролуд карда шуд.

Миёнаҳои моҳи октябр ИА ва Бритониё алайҳи шаш мақомдори рус ва як маркази илмиву таҳқиқотӣ бо далели «талоши куштор» чораҷӯӣ кард ва аз ҷумла, дороиҳои онҳоро масдуд ва онҳоро аз ҳақи сафар маҳрум кард. Мақомоти Русия даст доштани худ дар қазияи заҳролудкунии Навалнийро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG