Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони 8 кишвар аз ҳаққи вуруд ба Узбекистон маҳрум шуданд


Фурудгоҳи Тошканд. Донишҷӯёни баргашта ба ватанро дар фурудгоҳ месанҷанд
Фурудгоҳи Тошканд. Донишҷӯёни баргашта ба ватанро дар фурудгоҳ месанҷанд

Тошканд ба шаҳрвандони 8 кишваре, ки бо афзоиши якбораи олудашавиҳо ба COVID-19 рӯбарӯ ҳастанд, ҳақи вуруд ба Узбекистонро манъ кард. Дар ин бора радиои Озодлик хабар медиҳад. Ба навиштаи ин манбаъ, як комиссиюни вижа дар умури муқобила бо коронавирус рӯзи 22 декабр қарор кард, ки шаҳрвандони Австралия, Австрия, Дания, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Африқони Ҷанубӣ ва Бритониёи Кабир ҳақ надоранд то 10 январ вориди хоки Узбекистони иборат аз 32 миллион ҷамъият шаванд. Шаҳрвандони Узбекистон, ки аз ин кишварҳо ба ватан бармегарданд, давоми 14 рӯз бояд ҳатман ба карантин нишинанд. Дар изҳороти комиссиюн гуфта шудааст, ки бо беҳтар шудани вазъ дар ин кишварҳо маҳдудият тадриҷан бардошта мешавад. Ҳоло доштани тести ҳатмии зидди COVID-19 барои ҳар як шахси воридшаванда ба Узбекистон ҳатмӣ аст. Муқаррароти манъи вуруд ба ин кишвар аз 25 декабр амалӣ мешавад. Дар Узбекистон то 22 декабр шумори олудашудаҳо ба коронавирус 76,180 нафар ва марг бар асари ин беморӣ 612 нафар гузориш шудааст.

XS
SM
MD
LG