Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Registan TV: Туркия Абдукарим Мирзоевро ихроҷ нахоҳад кард


Абдукарим Мирзоев.
Абдукарим Мирзоев.

Рӯзноманигор ва коргардони узбек Абдукарим Мирзоев, ки дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд, ба ватан истирдод намешавад. Дар ин бора канали онлайнии худи Мирзоев - Registan TV бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати Туркия иттилоъ дод.

Хабарнигори сомонаи Gazeta.uz 19 декабр иттилоъ дод, ки блогер, рӯзноманигор, коргардон ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Туркия Абдукарим Мирзоеви 38-сола дар Истамбул дастгир шуд.

Вакили дифои рӯзноманигор гуфтааст, касе ба пулис хабар додааст, ки Мирзоев бо шахсони шубҳанок телефонӣ суҳбат мекунад. Дар натиҷа вай мавриди таъқиб қарор гирифта, дертар дастгир гаштааст.

Сомонаи Qalampir.uz навиштааст, ки Мирзоевро дар ҳақиқат ба хотири суҳбат бо "афроди шубҳанок" дастгир карданд, вале дертар озод шудааст.

Додситонии кулли Узбекистон дар шарҳи боздошти Мирзоев гуфт, Тошканди расмӣ дар боздошти рӯзноманигор дар Туркия даст надорад ва ӯ дар пайгарди қонунӣ низ қарор надошт.

XS
SM
MD
LG