Дар вилояти Суғд баъди таҳқиқи як навори видеоӣ сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт карданд. Бино ба маълумоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ, Мубин Мамадҷонов “ҳангоми рондани мошин худнамоӣ кардааст”. Ба қавли манбаъ дастгиршуда бо “Жигули”-и худ дар бевақтии шаб дар рӯ ба рӯи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров намоишкорона воситаи нақлиётро дар ҷои ист бо суръати баланд давр занонидааст. Навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромад. Видеои мошинронии ин ҷавон дар Интернет нашр шуд кормандони милитсия аз пайи маълум кардани ронандаи беинтизом шуданд. Ӯ бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба “Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард” гунаҳкор дониста шуд.