Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси қирғиз худро вазир муаррифӣ карда, пул талаб мекардааст


Яке аз маҳбасҳои Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз маҳбасҳои Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрванди 33-солаи Қирғизистон Санҷар Салибоев, ки дар ҳоли ҳозир дар яке аз маҳбасҳои ин кишвар муҳлати ҷазои худро адо мекунад, худро вазири иқтисод Санҷар Муканбетов муаррифӣ ва тамаъкорӣ намудааст.

Ҳамчунин вай худро хеши наздики раиси Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон Қамчибек Ташиев номида, барои озод кардани маҳбусон тариқи афв аз наздиконашон маблағ мегирифтааст.

Дар хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки Салибоев қаблан бо бандҳои "Қаллобӣ", "Сохтакории ҳуҷҷат" ва "Фирор" суд шудааст.

Ин дар ҳолест, ки кумита салоҳияти эъломи афвро надорад.

Дар Қирғизистон бори охир моҳи майи соли 2020 бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва 10-умин солгарди Инқилоби мардумии моҳи апрели соли 2010 қонуни афви маҳбусон қабул шуда буд.

XS
SM
MD
LG