Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

 Муаллифи “Ну, погоди!” дар синни 82-солагӣ даргузашт


Гурги "Ну, погоди!" яке аз маъруфтани қаҳрамонҳо ва рамзҳои мултфилмҳои Шӯравӣ аст
Гурги "Ну, погоди!" яке аз маъруфтани қаҳрамонҳо ва рамзҳои мултфилмҳои Шӯравӣ аст

Александр Курляндский, нависандаи рус ва муаллифи яке аз маъруфтарин филмҳои тасвирии даврони шӯравӣ “Ну, погоди!” дар синни 82-солагӣ даргузашт. Хешовандону дӯстони Курляндский гуфтанд, ки мултфилмсози маъруф рӯзи 21-уми декабр даргузашт, вале сабаби маргаш маълум нест.

Александр Курляндский як нависандаи маъруфи кӯдакон буд
Александр Курляндский як нависандаи маъруфи кӯдакон буд

Корҳои Курляндскийро тамошобинон на танҳо ба шакли мултфилм, балки ба шакли ҳаҷвияҳо барои кӯдакону наврасон дар барномаҳои телевизионии “Ералаш” ҳам тамошо кардаанд. Вале маъруфтарин корҳояш – саргузаштҳои гургу харгӯш дар филмҳои тасвирии “Ну, погоди!” мебошад. Ин филм фаротар аз қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Аврупои Шарқӣ ҳам маҳбубият дошт. Аввалин қиссаи ин мултфилм соли 1969 нашр шуд ва охиринаш баъди 50 сол – дар соли 2006.

Яке дигар аз қиссаҳои маъруф ба қалами Курляндский – тӯтии эркаву ҳунарманд “Кеша” аст, ки то ҷое бо тақлид ба филмҳои ғарбӣ сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG