Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дору хӯса дар маркази Иркутск: “Бизнес набошад, андоз ва буҷа ҳам нест”


Дори эътирозӣ дар назди бинои ҳукумати вилояти Иркутск гузошта шуд
Дори эътирозӣ дар назди бинои ҳукумати вилояти Иркутск гузошта шуд

Соҳибкорон дар Иркутски Русия ба нишони эътироз аз бад шудани вазъи иқтисодӣ дар кишвар дар назди ҳукумати вилоятӣ як дори рамзиро гузоштанд. Дар ин бора вебсайти https://www.sibreal.org/ хабар медиҳад. Дар дори рамзӣ хӯсаи овезоне бо навиштаҷоти мисли “бизнес”, “қарзҳо”, “андоз” ва “нирӯи барқ” гузошта шудааст. Дар курсии назди ин хӯса навиштаҷоти бузургтаре мегӯяд: “Бизнес набошад, андоз ва буҷа ҳам нест”. Хӯсаи гузошташуда таваҷҷӯҳи полисро ба худ ҷалб кард, вале иттилое дар бораи боздоштҳои эҳтимолӣ нашр намешавад.

Эътирозгарон гуфтанд, ки дар шароити кунунӣ бисёр ширкатҳои хурду миёна дар ин минтақаи Сибир хисороти зиёд мебинанд, бархе пурра баста шудаанд. Мушкилоти соҳаи тиҷорату соҳибкориро онҳо ба маҳдудиятҳои давраи пандемияи коронавирус рабт медиҳанд.

Дар Русия то 21 декабр шумори афроди олудашуда ба коронавирус ба 2,9 миллион нафар наздик шуд. Аз ҷумла, беш аз 51 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG