Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба истеҳсоли Sputnik V шурӯъ мекунад


Владивосток, Русия. Як шиша воксинаи Sputnik V
Владивосток, Русия. Як шиша воксинаи Sputnik V

Қазоқистон гуфт, ки дар остонаи эмкунии сартосарӣ дар кишвар истеҳсоли воксинаи русии Sputnik V-ро дар қаламрави худ ба роҳ мемонад. Рӯзи 21 декабр нахуствазир Асқар Мамин дар корхонаи дорусозии шаҳри Қарағанда дар маросими шурӯи корҳои истеҳсолӣ иштирок кард. Хадамоти матбуоти ҳукумат гуфт, ки маъракаи эмкунии сартосарӣ моҳи феврали соли 2021 шурӯъ мешавад ва дар навбати аввал афроди марбут ба гурӯҳи аввал, яъне ходимони тиб, омӯзгорон, донишҷӯён, афсарони ҳифзи қонун ва дигар афроди марбут ба гурӯҳи риск аз COVID-19 эм карда мешаванд. Ӯ афзуд, ки эмкунӣ ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад. Воксинае, ки дар Русия ба кормандони тиб ва дигар афроди гурӯҳи риск дода мешавад, ҳанӯз аз ҷониби матахассисони соҳаи дорусозиии Иттиҳоди Аврупо санҷида нашудааст. То 21 декабр шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Қазоқистон беш аз 147 ҳазор нафар, аз ҷумла, беш аз 2 ҳазор маргро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG