Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон озодии фаъоли маданӣ Молдинро маҳдуд кард


Алибек Молдин
Алибек Молдин

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 21 декабр озодии Алибек Молдинро бо гумони "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" 1 сол маҳдуд кардааст.

Бар асоси қарори додгоҳ, Молдин то 21 декабри соли 2021 таҳти назорат қарор дошта, аз ҳаққи нашри мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо маҳрум аст.

Молдини 37-сола ба "иштирок дар фаъолияти ҳаракатҳои "Интихоби демократии Қазоқистон" ва "Көше партиясӣ", ки аз сӯи додгоҳ мамнуъ эълон гаштаанд, айбдор дониста шуд. Ба гуфтаи додрас, Молдин дар шабакаҳои иҷтимоӣ идеяҳои ҳаракатҳои мазкурро таблиғ мекард.

Алибек Молдин аз 10 ноябри соли равон дар ҳабси хонагӣ буд. Додгоҳи Қазоқистон 21 декабр ҳукми ӯро тағйир дода, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кард. Ӯ ҳаққи берун рафтан аз Оқтеппа ва тағйири ҷои зисташро надорад.

Вале худи Молдин аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва мегӯяд, бегуноҳ аст. "Ман гуноҳ надорам. Режими худкомаи Назарбоев маро ғайриқонунӣ зиндонӣ кард. Аз соли 2016 бо фаъолиятҳои маданӣ машғул ҳастам. Барои ин кор борҳо волидон ва бародарони ман ҳушдор гирифтаанд. Мақомот барои тағйири назарҳои сиёсии ман чи корҳоеро накарданд. Зидди ман чандин парвандаи маъмурӣ ва ҷиноӣ кушоданд", - афзуд Молдин.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро моҳи майи соли равон бо дархости Додситонии кулли ин кишвар созмони "террористӣ" эълом ва фаъолияташро манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG