Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон истифодаи воксинаи худиро зидди коронавирус оғоз мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Қазоқистон аз оғози гузаронидани воксинаи маҳаллии QazCovid-in зидди коронавирус ба "се ҳазор ихтиёрӣ" хабар медиҳад.

Ба огаҳии сомонаи ҳукумати он кишвар, ба оғози марҳалаи севуми санҷиши воксинаи истеҳсол кардаи Пажӯҳишгоҳи илмии мушкилоти амнияти биологии вилояти Ҷамбули Қазоқистон баъди он иҷозат дода шуд, ки озмоишҳои қаблӣ натиҷаи мусбат доданд. Воксина "96 дарсад" корсоз баромадааст.

Манбаъ афзуда, ки гузаронидани воксинаи мазкур ба ихтиёриён дар худи пажӯҳишгоҳ ва дармонгоҳҳои Таразу Алмато сурат мегирад.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, истифодаи оммавии воксинаи QazCovid-in моҳи марти соли 2021 оғоз мешавад. "Дар навбати аввал воксинаро кормандони тиб, омӯзгорон ва намояндагони гуруҳҳои осебпазири ҷомеа ихтиёрӣ дарёфт мекунанд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG