Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс барои баррасии ҳамлаҳои ҳакерӣ ҷаласа мекунанд


Вазорати амнияти дохилии ИМА
Вазорати амнияти дохилии ИМА

Рӯзи 18 декабр масъулини Бюрои федеролии тафтишот ва дигар сохторҳои тафтишотӣ дар назди аъзои Конгресс дар бораи таҳқиқи ҳамлаҳои ҳакерӣ ё рахнагарон ба идораҳои давлатии ИМА гузориш медиҳанд. Гумони тафтишот ин аст, ки ин ҳамлаҳои кибернетикӣ кори дасти рахнагарони рус аст. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомоти давлатӣ гуфтаанд, аз ҳамлаҳо бисёр нигарон ҳастанд ва ширкати Microsoft ва вазорати энержии Амрико гуфтанд, ки онҳо ҳам аз ин ҳамлаҳо осеб диданд. Оҷонсии амнияти кибернетикӣ ва амнияти сохторҳо рӯзи 17 декабр яке аз ҳушдорҳои бисёр оҷил навишт, ки ин ҳамлаҳо ба шабакаҳои компютерии ҳукуматҳо, хадамоти мухталиф ва ҳам бахши хусусӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. То ҳол ба ҷуз чанд узви Конгресс, ҳеҷ мақоми амрикоӣ ба таври мустақим Русияро дар ҳамлаҳои рахнагарон ба идораҳои давлатии Амрико гунаҳгор накардааст.

XS
SM
MD
LG