Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА барои бақайдгирии воксинаи дуюми зидди коронавирус омода мешаванд


Воксинаи сохтаи ширкати Moderna нишон додааст, ки аз 100 муштарӣ, 95 нафараш баъди эмкунӣ аз COVID-19 эмин шудаанд
Воксинаи сохтаи ширкати Moderna нишон додааст, ки аз 100 муштарӣ, 95 нафараш баъди эмкунӣ аз COVID-19 эмин шудаанд

Як ниҳоди машваратии ҳукумати ИМА барои ба истифода додани ваксинаи дуввуми пешгирикунанда аз олудашавӣ ба COVID-19 посухи мусбат додааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвар талафоти инсонҳо бар асари коронавирус афзоиш меёбад. Манзури ҳайати мушовара воксинаи ширкати Moderna аст, ки дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи миллии тандурустӣ ихтироъ шудааст. Тибқи пажӯҳишҳо, таъсири мусбати ин воксина дар тани 94 фойизи довталабон санҷида шудааст. Ваксинаи аввале, ки дар Амрико барои истифода иҷоза дода шуд, маҳсули муштараки ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer-BioNTech аст. Ин воксина ҳам дар давраи озмоишӣ нишон додааст, ки 95 дарсад манфиатовар аст. Қарор аст рӯзи 18 декабр муовини президенти Амрико Майк Пенс дар мазҳари ом ваксина мегирад. Ин иқдом бояд собит кунад, ки ваксина зарар надорад.

XS
SM
MD
LG