Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Жанаозен наздикони боздоштшудаҳо адолат мехоҳанд


Жанаозени Қазоқистон, 16 декабр.
Жанаозени Қазоқистон, 16 декабр.

Як гуруҳи сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 17 декабр дар эътироз ба айбҳои эъломшуда зидди наздикони худ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуда, аз мақомот ҳукми "одилона"-ро дар доираи парвандаи мазкур дархост карданд.

Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, парванда сохта буда, далелҳои шайъиеро, ки дарёфт шуданд, худи маъмурони пулис ҳангоми бозҷӯӣ партофтаанд.

Дар Жанаозен моҳи июли соли 2019 мақомот манзили зисти наздики даҳ нафарро бозҷӯӣ ва 12 нафарро боздошт карданд. 11 тани дастгиршудаҳо ҳоло дар ҳабс буда, як нафар ба шарти берун нарафтан озод шудаст. Зидди онҳо бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва робита доштан бо созмонҳои мамнуъ парванда боз шудааст.

Сокинони ҷамъшуда дар майдони марказии Жанаозен, ки асосан модарону ҳамсарони боздоштшудаҳо буданд, дар даст акси гумонбарон ва шиорҳо бо талаби адолатро доштанд.

XS
SM
MD
LG