Сокинони биноҳои навбунёд дар минтақаи "Оқ Жар" ва "Оқ Бата" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо роҳи мошингардро бастанд ва чархи мошинҳоро оташ заданд.
Сокинон ба ин тартиб норозигии худро аз интиқоли неруи барқи бо лимит изҳор карданд. Онҳо талаб карданд, ки мушкилашон ҳал шавад. Бархе аз ин сокинон гуфтанд, дар ҳавои сард маҷбур буданд, дар хона бидуни барқ нишинанд.
Сокинон гуфтанд, як моҳ аст, ки онҳо барқро номунтазам дарёфт мекунанд ва касе аз мансабдорон ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад.
Бархе аз мақомдорони шаҳри Бишкек ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Пулис бо эътирозгарон занозанӣ кард.
Ба навиштаи расонаҳо, роҳи мошингард дертар боз шуд.