Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар хонаи пиронсолон дар Русия 11 нафарро кушт


Ҷойи ҳодиса. 15-уми декабри 2020
Ҷойи ҳодиса. 15-уми декабри 2020

Сӯхтор дар хонаи пиронсолон дар Бошқирдистони Русия боис ба ҳалокати 11 нафар шудааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Бошқирдистон рӯзи 15-уми декабр гуфт, сӯхтор дар деҳаи Ишбулдино шаби гузашта сар зад. Ба қавли намояндагони вазорат, хонаи пиронсолон низоми огоҳкунӣ аз сӯхторро надошт. Илдар Нафиқов, раиси ноҳияи Абжалил, ҷое, ки деҳаи Ишбулдино воқеъ аст, гуфт, ҳоло вазъи фавқулода ҷорӣ кардаанд ва афзуд, дар хонаи пиронсолон 16 нафар ба таври доимӣ зиндагӣ мекарданд. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, замони сӯхтор дар дохили бино 15 кас буданд. Чаҳор нафари онҳоро наҷот додаанд. Дар Русия бино бар сабаби, ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ чанд дафъа сӯхторҳои маргбор рух додааст.

XS
SM
MD
LG