Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои байналмилалӣ ба эъдоми рӯзноманигори мухолиф дар Эрон


Рӯҳуллоҳ Зам
Рӯҳуллоҳ Зам

Эъдоми рӯзноманигори мухолиф Руҳуллоҳ Зам дар Эрон, ки гуё фаъолиятҳои онлайнияш ба тазоҳуротҳои зиддиҳукуматии соли 2017 дар он кишвар ташвиқ кардаанд, вокунишҳои байналмилалиро ба бор овард. Зам рӯзи 12-уми декабр ба дор овехта шуд. Созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, ин эъдом рафтори бераҳмонаи ҳукумати Эронро нисбат ба мухолифон нишон медиҳад. Иттиҳоди Аврупо ҳам эъдоми хабарнигорро бо лаҳни тунд маҳкум карда, гуфт, ҷазои марг “ҷазои ваҳшиёна ва ғайрибашарӣ” аст. Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, Вашингтон "эъдоми ноодилона ва ваҳшиёна"-и Рӯҳуллоҳ Замро дар Эрон қотеона маҳкум мекунад. Пештар Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет гуфта буд, аз эъдоми рӯзноманигори мухолиф дар Эрон нигарон аст. Вай аз Теҳрон даъват кард, ки истифодаи ҳукми қатлро қатъ кунад. Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ 14-уми декабр гуфт, ҳукми қатли Зам бар асоси қонун иҷро шудааст ва низоми додгоҳӣ дар он кишвар мустақил аст.

XS
SM
MD
LG