Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов гуфт, ки чаро ба мансабҳои давлатӣ хешонашро таъйин кард


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президент ва яке аз довталабони асосии курсии раисҷумҳури Қирғизистон, ки баъди ҳаводиси 5-6-уми октябри имсол сари қудрат омадааст, гуфт, барои чӣ хешонашро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кард.

"Вазъи кишвар 5-уми октябр ба монанди вазъи соли 2010 буд. Дар ин вазъ мо маҷбур будем, тағйироти кадрӣ анҷом диҳем, то фасодкорон амволи худро ба хориҷ набаранд. Ман ба вазифаҳои давлатӣ онҳоеро фавран таъйин кардам, ки шахсан мешиносам. Дар миёни онҳо ду хеши ман ҳаст. Вале тавре ваъда додам, баъди интихобот барои ҳамаи вазифаҳо, аз раисии шаҳр то раисии вилоят озмун эълон мешавад", - изҳор дошт ӯ.

Пештар сомонаи Factcheck.kg хабар дод, ки раҳбарони тозатаъйини ширкати давлатии "Унаа" ва Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон -- Турусбек Тумонбаев ва Таштанбек Каймазаров хеши Ҷабборов ҳастанд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон 10 январи соли 2021 баргузор хоҳад шуд. 18 кас номзадии худро ба мақоми президентӣ дар ин интихобот пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG