Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар корхонаи "Адрасмон". Як нафар аз дуд заҳролуд шуд


Корхонаи Адрасмон
Корхонаи Адрасмон

Бинои корхонаи "Адрасмон" дар вилояти Суғд ба коми оташ рафтааст. Ин корхонаи як замон азим дар пайи баҳсу кашмакашҳои тӯлонӣ соли 2012 аз молики пешинааш, ширкати қазоқистонӣ, мусодира шуда буд.

Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар бинои Ҷамъияти саҳомии “Комбинати маъдантозакунӣ”-и Адрасмон 10-уми декабр рух додааст. “Масоҳати сӯхтор 240 метри мураббаъро ташкил медиҳад”, - афзуд ӯ.

Шарипов гуфт, сӯхтор талофоти ҷонӣ надошт, аммо посбони бино аз дуди ғализ заҳролуд шуда, “ҳоло дар бемористон бистарӣ аст”.

Сабаби сар задани сӯхтор ва зиёни расида аз он ҳанӯз маълум нест. Маъмурони оташниношӣ гуфтанд, ки машғули маълум кардани он зарари расида ҳастанд.

Биноҳои маъмурии корхонаи маъдантозакунӣ дар шаҳраки “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон дар ҳоле сӯхт, ки аз соли 2012 инҷониб корхона дучори кашмакашҳои додгоҳӣ шуда, аз кор монд ва 700 коргари он бекору бе музди маош монданд.

Соли 2017 баҳс миёни моликони қазоқистонии корхонаи маъдани “Адрасмон” ва мақомоти Тоҷикистон ба фоидаи давлат анҷом ёфт ва корхона дубора миллӣ эълон шуд. Корхона аз соли 2006 ба ширкати қазоқии “Кони Мансур” тааллуқ дошт ва умдатан хокаи нуқра истеҳсол мекард.

Ин корхонаи ба истилоҳ “шаҳрсоз” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис гардида, дар канораш шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад, вале пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти он қатъ шуд.

Корхонаи Адрасмон
Корхонаи Адрасмон

XS
SM
MD
LG