Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати интихобкунандагон барои тасдиқи президенти оянда ташкили ҷаласа мекунад


Ҳайати овоздиҳандагон барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи президентии ИМА ҷамъ мешаванд
Ҳайати овоздиҳандагон барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи президентии ИМА ҷамъ мешаванд


Рӯзи 14 декабр ҳайати интихоботкунандагон дар ҳар аёлати ИМА ҷамъ шуда Ҷо Байденро ба ҳайси президенти ояндаи кишвар тасдиқ мекунанд. Натиҷаҳо ба Вашингтон ирсол мешаванд ва дар ҷаласаи муштараки ҳарду маҷлиси Конгресс рӯзи 6 январ, ки таҳти раёсати муовини президент Майк Пенс баргузор мешавад, тасдиқи ниҳоӣ мегирад. Бар асоси конститутсияи ИМА, президент бар асоси аксар овозҳои ҳайати интихобкунандаҳо интихоб мешавад. Агар ҳеҷ як нафари онҳо ба аксари овозҳо даст наёфт, тасмим ба Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии Конгресс аст. Байден беш аз 7 миллион раъйи бештар назар ба Доналд Трампро бурдааст, вале овози бештари раъйдиҳандагон на ҳамеша нақш мебозад. То ҳол натиҷаи 5 интихоботи президентӣ, аз ҷумла пирӯзии соли 2016-и Доналд Трампро ҳайати райдиҳандагон таъин кардаанд. Натиҷаҳои интихоботи имсола аз он назар бештар ҷалби таваҷҷӯҳ кард, ки то ҳол президент Доналд Трамп натиҷаҳо ва мағлубияти худро эътироф накардааст. Қарор аст баъди овоздиҳии ҳайати раъйдиҳандагон Ҷо Байден ба мардум муроҷиате бикунад.

XS
SM
MD
LG