Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар робита ба суханҳои вакили Думаи давлатӣ Вячеслав Никонов ба ҷониби Русия нотаи эътирозӣ дод. Никонов дар суҳбат бо Шабакаи аввал гуфт, "қаламрави Қазоқистон туҳфаи бузургест, ки аз ҷониби Русия дода шудааст".
Тибқи иттилои хабаргузории ТАСС, Муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон Марат Сиздиков дар вохӯрӣ бо иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳои сафири Русия дар Нурсултон Александр Комаров роҷеъ ба суханҳои вакили Думаи давлатии он кишвар изҳори нигаронӣ кардааст..
Дар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон бар инанд, ки афзоиши ҳамлаҳои ҳангомабарангези сиёсатмадорони рус ба Қазоқистон муносибатҳои ҳампаймонии ду кишварро хатчадор мекунад.
"Вазорат мунтазири посухи воқеъбинонаи ҷониби Русия ба ин гуна изҳоротҳо буда, ҳамчунин даъват менамояд, ки барои пешгирӣ аз изҳоротҳои ҳамсони хидматчиёни давлатии рус чора андешида шавад", - омадааст дар нота.
Дертар, баъди нотаи эътирозӣ Вячеслав Никонов нисбат ба мардуми Қазоқистон "суханҳои нармтар"-еро изҳор дошт. Ӯ гуфт, "манфиатҳои Қазоқистон ҳангоми таъйини марзҳои ҶСШ Қазоқистон комилан риоя шуда буданд. Ман низ дар барномаи "Бозии бузург" маҳз ҳамин суханҳоро гуфтам".