Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон бо се қатора шаҳрвандонашро аз Русия бармегардонад


Роҳи оҳани Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Роҳи оҳани Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод, ки ин кишвар моҳи декабр бо се қатора шаҳрвандонашро аз Русия бармегардонад.

Ҳаракати қатора рӯзҳои 14, 21 ва 28 декабри соли равон дар масири "Москва -- Тошканд" дар назар аст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки билети қатора танҳо барои як самт - аз Москва ба Тошканд фурӯхта хоҳад шуд. Барои ба муштариён осон шудан фурӯши билетҳои электрониро низ ба роҳ мондаанд.

XS
SM
MD
LG