Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз кушта шудани 4 сарбоз хабар дод


Қаробоғи Кӯҳӣ
Қаробоғи Кӯҳӣ

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, аз оғози оташбас дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ чаҳор сарбози ин кишвар кушта шудаанд. Вазорати дифои Озарбойҷон дар ин маврид рӯзи 13-уми декабр хабар дод, аммо дар изҳорот дар бораи ин ки талафот кай ва дар куҷо шудааст, тафсилот надодааст. Як рӯз пеш Арманистону Озарбойҷон якдигарро барои шурӯи даргирии нав ва поймол кардани оташбас муттаҳам карданд. Оташбас бо миёнравии Русия баъд аз 10-уми ноябри имсол барқарор шуд.

XS
SM
MD
LG