Як соҳибхонаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳафтаи гузашта аз таркиши газ ҷароҳат бардошта буда, дирӯз дар бемористон фавтидааст. Манбаи оҷонсии "Азия-Плюс" дар вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин зани 34-сола ҳамроҳи се фарзандаш аз тарик маҷрӯҳ шуда буд. Ҳоло кӯдакон дар беморхона бистарӣ ва падари ин хонавода Мирмат Мастов дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Рӯзҳои 4-5-уми декабр дар деҳаи Маърифати ноҳияи Рудакӣ бинобар сӯрох шудани лӯлаи газ, дар ду хонаи истиқоматӣ таркиш ба амал омад. Дар пайи он сокини 32-солаи ин деҳа фавтида, соҳиби хона марди 62-сола захмӣ шуд. Баъди ин фоҷеа, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба санҷиши лӯлаи асосие ки аз Узбекистон ба Душанбе газ интиқол медиҳад, оғоз мекунанд.
Гузориши видеоии хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса: