Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия воксинҳои русии зидди коронавирусро намехарад


Фахриддин Хоҷа, вазири тандурустии Туркия гуфт, ки ваксинаҳои русии зидди коронавирус аз озмоиши зарурии лабораторӣ нагузаштааст ва ҳеҷ кишвари дунё наметавонад, иҷозаи истифодаи онро диҳад. Ба ин далел, Туркия аз ин ваксинаҳо нахоҳад харид.

Вазири турк ба таври мушаххас аз ваксинае ном набурд, вале пештар аз ин вазорати тандурустии Русия гуфта буд, ки Туркия ҳавасманди харидани ваксинаи русии "Спутник V" аст.

Ба навиштаи расонаҳо, Туркия 50 мояи ваксинаро аз ширкати чинии Sinovac Biotech харидааст ва тасмим дорад, ки дар моҳи ҷорӣ ваксиназании сартосариро шуруъ кунад. Расонаҳо менависанд, Туркия ҳамчунин тасмим дорад, то охири соли 2021 аз ваксинаҳои Pfizer ва BioNTech 25 миллион вояи ваксина харидорӣ кунад.

Аз оғози вабо дар Туркия қариб 900 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудаанд. Бештар аз 15 ҳазор бемор фавтидааст. Дар маҷмуъ дар Туркия 83 миллион кас зиндагӣ мекунад.

Ваксинаи русии "Спутник V" ҳанӯз 11 август дар он кишвар сабт шуд. Аммо то лаҳзаи сабт ваксина ҳамагӣ аз ду марҳилаи озмоиш гузашта буд. Дар ҳоле ки мебоист, аз се марҳила бигзарад. Коршиносони мустақил гуфтанд, таъсири ваксина ҳанӯз мушаххас нест.

XS
SM
MD
LG