Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадлен Олбрайт гуфт, фасод дар минтақаи Балкани Ғарбӣ реша давондааст   


12 июни соли 2019, собиқ котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт дар шаҳри Приштинаи Косово суханронӣ мекунад
12 июни соли 2019, собиқ котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт дар шаҳри Приштинаи Косово суханронӣ мекунад

Собиқ котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт дар як кумитаи Конгресс рӯзи 8 декабр гуфт, ки коррупсия ҳоли Балкани Ғарбиро хароб кардааст ва аз мақомот дар Вашингтон тақозо кард, ки ба ин минтақаи стратегии таҳти нуфузи Русияву Чин қарорёфта таваҷҷӯҳи бештар равона кунанд. Олбрайт, ки дар маъмурияти президент Билл Клинтон аз соли 1997 то 2001 кор кардааст, инчунин гуфт, ки ИМА бояд бо Аврупо аз наздик кор кунад, то ки мушкилоти деринаи сиёсиву иқтисодии ин минтақа ҳалли худро пайдо кунанд. Олбрайт гуфт, ки ИМА бояд бо фасод мубориза барад, чун, ба гуфтааш, сохторҳои сиёсии Балкани Ғарбиро сироят карда, ҳукумати қонун дар минтақаро ба ҳам мезанад. Суханронии Олбрайт дар Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон дар остонаи таҳияи машваратҳо ба Байден дар робита бо сиёсати хориҷии маъмурияташ ироа шуд. Ӯ гуфт, дар ҳар кишвар раҳбарон “идораҳои сиёсиро ба хотири тамдиди қудрат ба ҳайси сарпараст” истифода мекунанд. ИМА дар фикри ин аст, ки минтақаи Балканро ба созмонҳои ғарбии мисли Иттиҳоди Аврупо ва НАТО шомил кунад. Худдории Сербия барои ба расмият шинохтани собиқ вилояташ Косово ба ҳайси давлати мустақил ва таҳдиди Ҷумҳурии Српска барои ҷудо шудан аз Боснияву Ҳерсоговина ду масъалаи ҷиддии минтақа ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG