Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IFFHS дастаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро эълон кард


Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро эълон кард. Аз 11 бозигари дар феҳристи IFFHS зикршуда ҳафт нафарашон аз бошгоҳҳои Бавария”-и Мюнхени Олмон ва Ливерпул”-и Англия мебошанд.

Дарвозабон: Мануэл Нойер (Бавария, Мюнхен).

Ҳимоятгарон: Трент Александр-Арнолд (Ливерпул), Вирҷил Ван Дейк (Ливерпул), Серхио Рамос (Реал, Мадрид), Алфонсо Дэвис (Бавария, Мюнхен).

Нимҳимоятгарон: Тяго Алкантара (Бавария / Ливерпул), Кевин Де Брюйне (Манчестер Сити), Ҷошуа Киммих (Бавария).

Ҳамлагарон: Криштиану Роналду (Ювентус), Роберт Левандовски (Бавария, Мюнхен), Лионел Месси (Барселона).

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (International Federation of Football History & Statistics) созмонест, ки солномаи таърихи футболро тартиб медиҳад. Он 27-уми марти соли 1984 дар Лейпсиг аз ҷониби доктор Алфредо Пёге таъсис ёфтааст. Қароргоҳаш айни замон дар Бонни Олмон ҷойгир аст. Шайх Солеҳ Салим Баҳвинӣ президенти ин ташкилоти варзишӣ мебошад.

FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин созмонро ҳамчун як мақоми пешбарикунандаи солномаи футболи ҷаҳон эътироф мекунад.

XS
SM
MD
LG