Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко ва писарашро аз ширкат дар чорабиниҳои олимпӣ манъ карданд


Александр Лукашенко бо писараш Николай
Александр Лукашенко бо писараш Николай

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) президенти Беларус Александр Лукашенко ва писари ӯ Виктор Лукашенкоро аз ҳама гуна робита бо чорабиниҳое, ки таҳти сарпарастии КБО, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, доир мегарданд, манъ кард.

Ин таҳримҳо дар робита ба "табъиз алайҳи варзишгарони беларус барои ақидаҳои сиёсӣ", ки КБО дар ҷараёни тафтиш ошкор намудааст, ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии КБО хабар дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз дар моҳи август - пас аз интихобот ва оғози амалҳои зиддиҳукуматӣ - тақрибан ҳазор нафар варзишгарон ва мураббиёни пешбари Беларус ба як номаи боз имзо гузоштанд, ки дар он онҳо қатъи хушунати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати эътирозгаронро талаб намуда, "бо дарназардошти далелҳои сершумори қаллобӣ ва фишор болои комиссияҳои интихоботӣ" интихобот беэътибор дониста, интихоботи такрории президентӣ баргузор карда шавад.

Дар байни имзокунандагон бисёр ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонҳои Аврупо ва ҷаҳон буданд. Пас аз чанд муддат, хабарҳо паҳн шуд, ки варзишгарон дар фаъолияти худ ба мушкилот дучор меоянд. Хабар дода шуд, ки варзишгарони норозиро аз дастаҳои мунтахаб хориҷ ва аз мақомоти давлатӣ сабукдӯш мекунанд.

Дар натиҷа, Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 25-уми ноябр тасмим гирифт, ки дар робита ба табъиз нисбати варзишгарон дар Беларус бинобар ақидаҳои сиёсии онҳо таҳқиқи расмӣ оғоз кунад.

7-уми декабр президенти КБО Томас Бах дар нишасти хабарии худ изҳор кард, ки алайҳи Кумитаи миллии олимпии Беларус ва Александр Лукашенко таҳримҳои ҷиддӣ ҷорӣ мекунад, ки то "огоҳии минбаъда" ё то интихоби ҳайати нави кумитаи иҷроияи КМО Беларус дар моҳи феврали соли 2021 амал менамояд.

"Тамоми маълумот ва шикоятҳоро гирифта, мо ба хулоса омадем, ки роҳбарияти кунунии КМО Беларус варзишгарони худро аз табъизи сиёсии худи КМО дуруст муҳофизат накардааст. Ин ба принсипҳои асосии Хартияи олимпӣ мухолиф аст ва ба эътибори тамоми ҳаракати олимпӣ зарба мезанад", -- таъкид кард Бах.

Дар натиҷа, Кумитаи иҷроияи КБО қарор қабул кард, ки аъзои ҳозираи кумитаи иҷроияи КМО Беларусро аз ширкат дар ҳама чорабиниҳои таҳти сарпарастии КБО, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, хориҷ кунанд. Ин маҳдудият ба Александр Лукашенко ба ҳайси президенти КМО ва ба Виктор Лукашенко ба ҳайси ноиби аввали президенти КМО ва шахси масъули фаъолияти ҳаррӯзаи созмон дахл дорад.

Дмитрий Басков, раиси Федератсияи ҳоккейи Беларус ва узви кумитаи иҷроияи КМО аз чорабиниҳои таҳти сарпарастии КБО хориҷ шуд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ҳама пардохтҳои молиявӣ ба КМО Беларус, ба истиснои маблағҳое, ки ба омода кардани варзишгарони Беларус ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио-2020 ва ба Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022, инчунин иштирок дар онҳо равона шудаанд, боздошта шавад. Акнун, стипендияҳои олимпӣ барои варзишгарони Беларус ба онҳо мустақиман пардохт карда мешавад, на тавассути КМО.

Ҳама гуна музокирот бо КМО Беларус дар мавриди баргузории чорабиниҳо дар ин кишвар таҳти сарпарастии КБО қатъ карда мешавад.

КБО инчунин аз федератсияҳои байналмилалии варзишӣ хоҳиш хоҳад кард, тамоми варзишгарони Беларус, ки меъёрҳоро иҷро кардаанд, метавонанд дар Бозиҳои навбатии олимпӣ "бидуни ҳеҷ гуна табъизи сиёсӣ" ширкат варзанд.

Беларус пас аз интихоботи президентии 9-уми августи соли равон ба бӯҳрони сиёсӣ дучор шудааст. Мухолифон натиҷаи интихоботро, ки Лукашенкоро баранда эълон карданд, қабул надоранд. Ҳазорон сокини Беларус чор моҳ боз норозигии худро бо эътироз дар хиёбонҳо ба намоиш мегузоранд. Онҳо ба ин боваранд, ки пирӯзи интихобот Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко буд. Аксари кишварҳои ғарбӣ низ натиҷаҳои интихоботи Беларусро қабул накарданд.

Александр Лукашенко 24 сол боз президенти Беларус аст. Эътирозгарон талаби истеъфои ӯро доранд.

XS
SM
MD
LG