Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоҳ модари ҷабрдида, гоҳ хабарнигору сиёсатмадор. Қаҳрамонҳои "қалбакӣ"-и ТВ-ҳои давлатӣ. ВИДЕО


Телевизионҳои давлатии Белорус ҳангоми таблиғи ҳукумат ва танқиди эътирозгарон мусоҳибаҳои сохтакорона нашр мекунанд. Мунтақидон қаҳрамонҳои ин гуна гузоришҳоро "қалбакӣ" меноманд.

Юлия Артюх, хабарнигори телевизиони давлатии СТВ, яке аз чеҳраҳои таблиғгари ҳукумати Белорус аст. Дар барномаҳои телевизионӣ гоҳе чун хабарнигор ва гоҳе дигар чун модари серфарзанд муаррифӣ мешавад, ки аз эътирозҳои зидди ҳукумат ба хашм омадааст. Ҷойи дигар ҳамчун "ҳамсари як афсар" аз минбар суханронӣ мекунад.

Дар чанд шаклу нақш муаррифӣ шудани як чеҳра дар телевизиони давлатии Белорус ахиран мавриди танқиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

Мунтақидон мегӯянд, Юлия Артюх ягона нафаре нест, ки дар телевизиони давлатии Белорус дар чанд нақш истифода мешавад. Ба гуфтаи онҳо, расонаҳои давлатӣ дар пайдо кардани мусоҳибони воқеӣ ва ҷонибдор аз Александр Лукашенко мушкил мекашанд.

Телевизиони давлатии Белорус дар бораи эътирозҳои оммавӣ дар ин кишвар мусоҳибаҳои сохтакорона пахш мекунад. Юлия Артюх дар чунин гузоришҳо чун як фаъоли шаҳрвандӣ ва иштирокчии маъракаҳо ба ҷонибдорӣ аз ҳукумат зоҳир мешавад.

Дар чунин гузоришҳои сохтакоронаи телевизиони давлатӣ гуфта мешавад, эътирозгарон хушунату бедодгарӣ мекунанд, вале ишорае намешавад, ки Артюх хабарнигори телевизион аст.

Эътирозҳои густарда дар Белорус аз моҳи август ба ин тараф ҷараён доранд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки Кумисюни марказии интихобот Лукашенкоро баранда донист, мардум ба хиёбонҳо баромаданд ва ҳукуматро ба тақаллуби густурда муттаҳам карданд. Онҳо бовар доранд, ки номзади мухолифон, Светлана Тихоновская, пирӯз шудааст.

Моҳи сентябри имсол телевизиони давлатии Белорус бо нашри як гузорише гуфт, "занон аз эътирозҳои пайдарпай дар кишвар, хаста шудаанд". Дар байни мусоҳибони дигар дар ин гузориш Юлия Артюх ҳам буд. Дар ин навор ӯ "модари серфарзанд" муаррифӣ шуд ва гуфт: "Ман дар ваҳшатам. Ман намефаҳмам. Ман ҳайронам."

Гузориши дигари СТВ дар бораи мусобиқаи мошинронӣ ба ҷонибдорӣ аз Александр Лукашенко буд. Ва дар он ҷо Артюх чун як иштирокчии чорабинӣ муаррифӣ шуд. Вай гуфт, "мо ҷамъ мешавем, суҳбат мекунем. Бо дӯстон вомехӯрем."

Баъди он дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки "СТВ иддао дорад, 80 дар сади белорусиҳо аз Лукашенко ҳимоят мекунанд. Аммо барои суҳбат дар гузоришҳо касеро пайдо карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бояд як нафар дар чанд нақш бозӣ кунад."

Юлия Артюх танҳо нафаре нест, ки дар телевизиони давлатии Белорус дар чанд ниқоб ё нақшҳои гуногун пайдо мешавад. Елена Вирбитская аз иштирокдорони дигари маъракаҳо ба тарафдорӣ аз Лукашенко аст. Вай дар наворе чун "як сокини одии Минск" суҳбат мекунад.

Виталий Леонович ё Пламен Пасков агар дар гузорише “вирусоолог” ё пизишки вогиршинос муаррифӣ шавад, дар гузориши дигар алакай "сиёатмадор" аст

Пасков аз Булғористон аст ва дар расонаҳои Русия ҳам ӯро дидан мумкин аст. Ӯ яке аз номзадҳои интихоботи президентии соли 2016 буд ва 0,26 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Меҳмонони доимии қалбакӣ дар телевизиони давлатии Беларус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG