Александр Лукашенко ба ин назар аст, ки 70-80 дарсади салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Белорусро мешавад, ба порлумон ва ҳукумат дод. Вай дар ин бора дар ҷаласаи рӯзи 16-уми ноябр бо вазиронаш изҳори назар кард. Лукашенко ҳамзамон гуфт, муносиб нест, ки ба хотири тақсими салоҳиятҳо Конститутсияи амалкунанда "шикаста" шавад. Вай низоми наверо пешниҳод кард, ки бар асоси он, ҳукумат тарҳҳои қонунро таҳия, порлумон баррасӣ ва тасдиқ ва барои имзо ба президент ирсол мекунад. Лукашенко ваъда дод, масъалаи тақсими салоҳиятҳо охири имсол ва ё аввали соли оянда баррасӣ хоҳад шуд. Мухолифони ҳукумати Лукашенко аз гуфтугӯҳо дар мавриди ислоҳоти Конститутсия худдорӣ карда, талаб доранд, ки Лукашенко аз ҳукумат канор равад. Мухолифон Лукашенкоро дар таъқибу фишори эътирозгарон масъул медонанд.