Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни узбек баъди бозгашт аз кишварҳои ҳамсоя саргардон шудаанд


Назди Донишгоҳи Самарқанд
Назди Донишгоҳи Самарқанд

Ҳазорҳо донишҷӯ, ки бо дастури Вазорати маорифи Узбекистон моҳи феврали имсол аз донишгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя барои идомаи таҳсил ба ватан баргаштанд, бо гузашти 9 моҳ наметавонанд, ба донишгоҳҳои Узбекистон дохил шаванд.

Донишҷӯён аз вилоятҳои Ҷиззах, Хоразм ва Самарқанд мегӯянд, бо ин ки нимаи аввали соли нави хониш тамом мешавад, ҳанӯз фармони дохилшавии онҳо содир нашудааст.

Донишгоҳҳо мегӯянд, сабаби содир нашудани фармон пешниҳод нашудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои донишҷӯён аст. Баъзе аз донишгоҳҳои Узбекистон талаб доранд, ки донишҷӯён аз донишгоҳҳои ҳамсоякишварҳо нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоеро биоранд, ки таҳсил доштани онҳоро тасдиқ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки марзҳо бастаанд ва рафтуо байни кишварҳо номумкин.

Пештар ҳукумати Узбекистон ваъда дода буд, ки ҳангоми баргаштани донишҷӯён аз ҳамсоякишварҳо талаботи сангине ҷорӣ нахоҳад кард.

Баҳодур, донишҷӯе аз вилояти Ҷиззах аст, ки соли гузашта ба донишгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон шомил шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони вазири маорифи Узбекистон Чимкентро тарк ва ба Узбекистон баргашт ва дар Донишкадаи политехникии Ҷиззах ҳуҷҷат супорид.

Ба гуфтаи Баҳодур, аз вай талаб доранд, ки то 15 декабр аз донишгоҳи Чимкент ҳуҷҷат биорад.

Дар фармони донишкада омадааст, дар сурати пешниҳод накардани ҳуҷҷат ба донишкада қабул нахоҳад шуд. Дар минтақаҳои дигари Узбекистон низ ҳамин ҳолат ҳукмфармо аст.

Вазорати маорифи Узбекистон гуфт, ки то моҳи феврали соли 2020 бештар аз 35 ҳазор ҷавон аз Узбекистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон таҳсил мекарданд. Баъди фармони вазорати маорифи Узбекистон дар моҳи феврал ҳазорон донишҷӯ ин донишгоҳҳоро тарк ва ба Узбекистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG