Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин барои озмоиш аз Моҳ намунаи хок меорад


Дастгоҳи ковишгари чинии "Чанъэ-5" рӯзи сешанбе дар рӯи Моҳ фуруд омад. Давоми ду рӯз ин дастгоҳ намунаи хоки Моҳро барои ба кураи замин овардан ҷамъ мекунад.

Дар сурати муваффақона анҷому шудани ҷамъоварии хок ва ба замин расонидан, Чин севумин кишвари дунё хоҳад буд, ки аз Моҳ хок меорад.

Кайҳоннавардони НАСА дар охири солҳои 60 ва аввали солҳои 70-и асри гузашта чанд маротиба аз Моҳ хок оварда буданд. Соли 1976 ковишгари шӯравии "Луна-3" низ ба Моҳ рафта, хок оварда буд.

Аз он замон то кунун муҳақиқони чандин кишвар дар интизори намунаҳои нави хоки Моҳтоб буданд.

XS
SM
MD
LG