Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё аз шурӯи барномаи эмкунии сокинон аз коронавирус хушбин аст


Воксинаи зидди коронавирус умеди аслии бисёриҳо ба раҳоӣ аз вируси марговари COVID-19 дониста мешавад
Воксинаи зидди коронавирус умеди аслии бисёриҳо ба раҳоӣ аз вируси марговари COVID-19 дониста мешавад

Мақомот дар Бритониё гуфтанд, ки 2 миллион адад воксинаи зидди коронавирусро захира карданд ва ният доранд дар чанд ҳафтаи наздик барномаи эмкунии сартосариро ба роҳ монанд. Бритониё дар Аврупо яке аз осебдидатарин кишварҳо аз коронавирус буда, 58 ҳазор сокинаш бар асари ин вирус ҷон додаанд. Мақомот рӯзи 30 ноябр гуфтанд, ки умедворанд аввалин кишвар дар ҷаҳон мешаванд, ки эмкунии аҳолиро бар зидди вируси марговар ба роҳ мемонанд. Ҳукумат розӣ шуд, ки аз 7 истеҳсолкунандаи мухталиф беш аз 350 миллион дона воксина харида, дар сурати муассир будани онҳо, 67 миллион сокини кишварро бо он таъмин кунанд. Нашрияҳои The Guardian ва Financial Times гуфтанд, ки дар беморхонаҳо интизор доранд рӯзи 7-уми декабр аввалин намунаҳои воксинаҳоро дастрас бикунанд.

Дар ИМА ҳам мегӯянд, ки ба эмкунии мардум бар зидди коронавирус шурӯъ аз моҳи декабр умедвор ҳастанд. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ҳамонгуна, ки интизор буданд, омори олудашавиҳои нав ба коронавирус дар паи таҷлили иди Шукргузорӣ афзоиш ёфт. Аз хатари афзоиши олудашавиҳо дар робита бо ҷашни Милоди Масеҳ ҳам сӯҳбатҳо зиёд аст.

XS
SM
MD
LG